Машварат: «Такмили бренди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ шурӯъ кард

Август 2, 2016 16:22

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Такмили бренди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ шурӯъ кард.
Ба иттилои корманди маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Шералӣ Ҷалолов, дар ҳамоиш намояндагони бахши сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва зертобеи он, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок доранд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  зимни ифтитоҳи он иброз намуд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди сайёҳӣ тамоми талоши худро ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳо ва фароҳам овардани шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ равона намуда истодааст. Узвияти Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии туристӣ (СУТ) дар баробари омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳаллу фасли масоили рӯзмарраи соҳа, барои ташаккул ва дар оянда мустаҳкам кардани нуфузи ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард».
Дар ҷараёни машварат Мусаллим Афандиев, ёрдамчии Котиби генералии СУТ оид ба кишварҳои Аврупо ва  Анита Каур, мушовири Котиби генералии СУТ оид ба омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадами соҳаи сайёҳӣ сухан ронданд.
Шералӣ Ҷалолов ҳамчунин иттилоъ дод, ки машварат  бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ се рӯз идома ёфта, баргузории он зимни сафари Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ Толиб Рифоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ба нақша гирифта шуда буд.

Август 2, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд