Муҳоҷири меҳнатӣ бо корфармо бояд шартномаи меҳнатӣ бандад, то аз ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳимоят карда тавонад
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, аз ҷумла баррасии аризаҳои марбут ба напардохтани маоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ дар Русия нишон медиҳад, ки дар бисёр маврид набастани шартнома (қарордод)-ҳои меҳнатӣ бо корфармо боиси мушкилоти зиёд дар ҷараёни пардохти музди меҳнат мегардад.
Ҳамзамон набастани шартномаи меҳнатӣ ҳангоми пайдо шудани баҳсҳои гуногун дар муносибатҳои байни корфармо ва коргар аксаран ба зарари коргар аст. Зеро корфармо метавонад бо сад баҳона аз сифати корҳои иҷрошуда сар карда, то мушкилоти молиявии корхона ва муҳлати иҷрои корҳо пардохти музди меҳнатро ба таъхир андозад.
Тавре котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳарчанд намояндагӣ пайваста тариқи ВАО, варақаҳои иттилоотӣ ва бевосита зимни мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ зарурати санадҳои марбут ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ бастани ҳатмии шартномаи меҳнатиро мефаҳмонад, вале то ҳол баъзе муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ намедиҳанд.
«Дуруст аст, ки дар аксар маврид худи корфармоён бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ бо коргари хориҷӣ шартнома намебанданд. Масалан, бархе кордиҳандаҳо аз пардохти андоз, бархе аз масъулияти қабули корманди хориҷӣ, ки талаботи муайяни барасмиятдарории санадҳо ва таваҷҷуҳи мақомоти дахлдорро тақозо мекунад, худдорӣ менамоянд. Аммо дар ҳама ҳолатҳо набудани санади тасдиқкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ, қабл аз ҳама кормандро осебпазир мекунанд,-афзуд мусоҳиб.
Иброҳим Аҳмадов ҳамчунин илова намуд: «Аз лиҳози ҳуқуқӣ шартномаи меҳнатӣ ин қарордоди муносибатҳои субъектҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ оид ба барқарор, тағйир ва қатъи ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷонибҳо мебошад. Шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва коргар ба муҳлати муайян, маъмулан як сол баста мешавад. Агар корфармо шахси ҳуқуқӣ, яъне роҳбари корхона, муассиса ва ширкат бошад, шартнома бо муҳри корхона ва имзои коргар тасдиқ мегардад».
Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи ФР, қарордоди меҳнатӣ миёни шахсони воқеӣ низ, масалан барои иҷрои ин ё он намуди хизматрасонӣ, аз қабилӣ боғбонӣ, ронандагӣ, дастёрӣ, доягӣ, сохтмон ё таъмири хона, бӯстонсаро ва ғайра баста мешавад. Дар ин маврид, корфармо ва коргар метавонад қарордоди меҳнатиро боимзогузории тарафҳо ба расмият дароранд. Ин санад низ дар сурати зарурат, дар баҳсҳои эҳтимолӣ ба сифати ҳуҷҷати асосӣ ҳуқуқҳои коргарро ҳимоят кунад.
Аз ин лиҳоз, ба ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ зарур аст, ки қабл аз ба кор даромадан, дар баробари қайди муҳоҷират ва патент, шартномаи меҳнатиашро низ ба расмият дарорад, то дар мавридҳои зарурӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳимоят карда тавонанд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






