Муҳоҷири меҳнатӣ бо корфармо бояд шартномаи меҳнатӣ бандад, то аз ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳимоят карда тавонад

Август 12, 2016 11:01

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, аз ҷумла баррасии аризаҳои марбут ба напардохтани маоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ дар Русия нишон медиҳад, ки дар бисёр маврид набастани шартнома (қарордод)-ҳои меҳнатӣ бо корфармо боиси мушкилоти зиёд дар ҷараёни пардохти музди меҳнат мегардад.
Ҳамзамон набастани шартномаи меҳнатӣ ҳангоми пайдо шудани баҳсҳои гуногун  дар муносибатҳои байни корфармо ва коргар аксаран ба зарари коргар аст. Зеро корфармо метавонад бо сад баҳона аз сифати корҳои иҷрошуда сар карда, то мушкилоти молиявии корхона ва муҳлати иҷрои корҳо пардохти музди меҳнатро ба таъхир андозад.
Тавре котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳарчанд намояндагӣ пайваста тариқи ВАО, варақаҳои иттилоотӣ ва бевосита зимни мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ зарурати санадҳои марбут ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ бастани ҳатмии шартномаи меҳнатиро мефаҳмонад, вале то ҳол баъзе муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ намедиҳанд.
«Дуруст аст, ки дар аксар маврид худи  корфармоён бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ бо коргари хориҷӣ шартнома намебанданд. Масалан, бархе кордиҳандаҳо аз пардохти андоз, бархе аз масъулияти қабули корманди хориҷӣ, ки талаботи муайяни барасмиятдарории санадҳо ва таваҷҷуҳи мақомоти дахлдорро тақозо мекунад, худдорӣ менамоянд. Аммо дар ҳама ҳолатҳо набудани санади тасдиқкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ, қабл аз ҳама кормандро осебпазир мекунанд,-афзуд мусоҳиб.
Иброҳим Аҳмадов ҳамчунин илова намуд: «Аз лиҳози ҳуқуқӣ шартномаи меҳнатӣ ин қарордоди муносибатҳои субъектҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ оид ба барқарор, тағйир ва қатъи ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷонибҳо мебошад. Шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва коргар ба муҳлати муайян, маъмулан як сол баста мешавад. Агар корфармо шахси ҳуқуқӣ, яъне роҳбари корхона, муассиса ва ширкат бошад, шартнома бо муҳри корхона ва имзои коргар тасдиқ мегардад».
Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи ФР, қарордоди меҳнатӣ миёни шахсони воқеӣ низ, масалан барои иҷрои ин ё он намуди хизматрасонӣ, аз қабилӣ боғбонӣ, ронандагӣ, дастёрӣ, доягӣ, сохтмон ё таъмири хона, бӯстонсаро ва ғайра баста мешавад. Дар ин маврид, корфармо ва коргар метавонад қарордоди меҳнатиро боимзогузории тарафҳо ба расмият дароранд. Ин  санад низ дар сурати зарурат, дар баҳсҳои эҳтимолӣ ба сифати ҳуҷҷати асосӣ ҳуқуқҳои коргарро  ҳимоят кунад.
Аз ин лиҳоз, ба ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ зарур аст, ки қабл аз ба кор даромадан, дар баробари қайди муҳоҷират ва патент, шартномаи меҳнатиашро низ ба расмият дарорад,  то дар мавридҳои зарурӣ  аз ҳуқуқу манфиатҳои  қонунии худ ҳимоят карда тавонанд.

Август 12, 2016 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид