Муҳоҷирони меҳнатӣ ба Нефтеюганск сафарбар шуданд

Август 20, 2016 11:53

Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субъекти хоҷагидори ҶДММ «Сомонэкспрестранс» дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гурӯҳи навбатии муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия сафарбар намуд.
Бино ба иттилои сардори гурӯҳ Алихон Ниёзов, 20 нафар муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршуда асосан сокинони шаҳрҳои Бӯстон, Истиқлол, Панҷакент, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Муҳлати муҳоҷирати меҳнатии онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст.
Шаҳри қабулкунандаи муҳоҷирон Нефтеюганск мебошад. Тибқи нақша онҳо асосан ба корҳои сохтмонӣ машғул хоҳанд шуд.
Инчунин  субъекти хоҷагидори ҶДММ «Роҳи Абрешим» аз аввали моҳи август наздик ба 200 нафар муҳоҷирро ба Федератсияи Русия сафарбар намуд.
Зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳии намояндагони раёсат маълум гардид, ки муҳоҷирон  асосан шаҳрҳои Новосибирск ва Тюменро барои истиқомат ва фаъолияти меҳнатии мавсимӣ интихоб намудаанд.
Ҳангоми гусел кормандони Раёсат ба муҳоҷирони меҳнатӣ маводи ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуданд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби субъекти хоҷагидори мазкур 4 гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ сафарбар гардиданд.

Август 20, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад