Мулоқоти А.Абдуллозода бо иштирокчиёни Лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол»

Август 16, 2016 17:10

Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар урдугоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо иштирокчиёни Лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол» баргузор гардид.
«Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар баҳри шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни мамлакат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, то ҷавонони саодатманд тамоми неруи худро баҳри созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созанд»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода зимни мулоқот бо ҷавонон.
Ҳамчунин раиси Кумита таъкид намуд, ки ҷавонони фаъол бояд соҳиби дониши қавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи забони модариву забонҳои хориҷӣ, илмҳои муосир ва техникаву технологияи навин бошанд.
Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода ба иштирокчиёни лагер гувоҳнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Август 16, 2016 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе