Мулоқоти А.Абдуллозода бо иштирокчиёни Лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол»
Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар урдугоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо иштирокчиёни Лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол» баргузор гардид.
«Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар баҳри шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни мамлакат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, то ҷавонони саодатманд тамоми неруи худро баҳри созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созанд»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода зимни мулоқот бо ҷавонон.
Ҳамчунин раиси Кумита таъкид намуд, ки ҷавонони фаъол бояд соҳиби дониши қавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи забони модариву забонҳои хориҷӣ, илмҳои муосир ва техникаву технологияи навин бошанд.
Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода ба иштирокчиёни лагер гувоҳнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






