Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Президенти Бонки исломии рушд

Август 27, 2016 09:39

Душанбе, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ дар шаҳри Ҷидда мулоқот намуд.

Заробиддин Қосимӣ салому дуруди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба дӯсти мардуми Тоҷикистон Аҳмад Муҳаммад Алӣ ироа дошта, ба ӯ ҳамзамон даъватномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 тақдим намуд.

Зимни мулоқот ҳамчунин доир ба татбиқи натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, ки чанде пеш дар Ҷакарта, пойтахти Индонезия сурат гирифта буд, гуфтугӯйи судманд доир гардид.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рафти маблағгузории лоиҳаҳои амалишаванда, аз ҷумла лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб низ зоҳир гардид. Аҳмад Муҳаммад Алӣ таъкид дошт, ки барои дастгирии доимии пешрафту тараққиёти Тоҷикистон Бонки исломии рушд аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард, аз ҷумла барои маблағгузории лоиҳаҳои нави пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин мулоқот Президенти барои оянда интихобшудаи Бонки исломии рушд доктор Бандар Ҳаҷҷор низ иштирок намуд.

 

Август 27, 2016 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!