Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Президенти Ширкати «ТВЕА»
Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии мардумии Чин Чжан Син мулоқот кард.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ширкати номдори Ҷумҳурии мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба анҷоми бомуваффақи сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва амалисозии лоиҳаи сохтмони хатти барқи баландшидати 220 киловаттаи Айнӣ-Панҷакент табодули афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии мардумии Чин аз дастгирию таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бархурдор буда, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар татбиқи ин лоиҳаҳои ҳаётан муҳим талошҳои зиёд ба харҷ хоҳад дод.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷониба дар сохтмони иншооти энергетикӣ ва омодасозии мутахассисони таҷрибадор барои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон табодули афкори судманд баргузор шуд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






