Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Президенти Ширкати «ТВЕА»

Август 22, 2016 14:10

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Ширкати  «ТВЕА»-и  Ҷумҳурии  мардумии  Чин Чжан Син мулоқот кард.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ширкати номдори Ҷумҳурии мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба анҷоми бомуваффақи сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва амалисозии лоиҳаи сохтмони хатти барқи баландшидати 220  киловаттаи  Айнӣ-Панҷакент  табодули афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии мардумии Чин аз дастгирию таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста  бархурдор буда, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар татбиқи ин лоиҳаҳои ҳаётан муҳим талошҳои зиёд ба харҷ хоҳад дод.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба  дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷониба дар сохтмони иншооти энергетикӣ ва омодасозии мутахассисони таҷрибадор барои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон табодули афкори судманд баргузор шуд.

Август 22, 2016 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад