Муъминобод: Дар рӯзҳои ҷашни 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон варзишгоҳи марказӣ ба истифода дода мешавад
Муъминобод, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сокинон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд ва кормандони ташкилоту идораҳо, ҳокимияти давлатӣ ва сокинон ба ҳашар баромада, дар ободу зебо намудани атрофи корхона, роҳраву гулгашт ва кӯчаю маҳаллаҳо саҳм мегузоранд. Дар хиёбони марказии ноҳия навсозии беш аз 700 метр роҳ идома дошта, аввалин маротиба дар маркази ноҳия чароғакҳои муосири рақамӣ насб карда шуданд. Нарм кардани бехи дарахтон, тоза кардани ҷӯйборҳо ва кашидани хатти оби нӯшокӣ дар ҳамаи кӯчаҳо ҷараён дорад.
Давоми 7 моҳи соли равон як қатор иншоот, аз ҷумла хатти оби нӯшокӣ ва иншооти маданию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. То ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани чанд иншооти бузург низ дар назар аст.
Тавре корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муминобод Олимҷон Табаров иброз дошт, яке аз иншооте, ки дар ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад- ин варзишгоҳи марказии ноҳия мебошад.
Сохтмони мазкур бо фармоиш ва маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 7 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






