Муносибатҳои меҳнатӣ байни Тоҷикистон ва Беларус тақвият меёбанд

Август 5, 2016 15:12

Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ дар вохӯрии  вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов муҳокима гардиданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тарафҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат,   таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро мавриди баррасӣ  қарор додаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самти таҳия ва омода намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ муҳокима карда, барои ҳамкории минбаъда дар ин самт ибрози ақида намуданд.

Август 5, 2016 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад