Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: Тарбиятгирандагони мактаб- интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор сазовори ҷои аввал гардиданд
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лагери «Чангоб» -и дараи Алмосии шаҳри Ҳисор аз 9 то 11 августи соли ҷорӣ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мактаб- интернатҳои низомашон махсус баргузор гардид.
Умеда Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Ҳисор дар маросими ҷамъбасти мусобиқа иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт: «Ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳ бебаҳра намемонанд».
Дар ин мусобиқа зиёда аз 50 нафар тарбиятгирандагони мактаб интернатҳои низомашон махсус аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро аз намудҳои шашка, шоҳмот, бадминтон ва футбол нишон доданд.
Дар натиҷа дар ҳайати давставӣ тарбиятгирандагони мактаб- интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор бар ҳарифонашон ғолиб омада, сазовори ҷои аввал гардиданд.
Ҷойҳои баъдиро тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ишғол намуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Шералӣ Ҷалолов, корманди маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






