Мусобиқаи волейбол миёни бонувон бахшида ба 25-солагии Истиқлолият оғоз гардид

Август 4, 2016 09:41

Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш-солимии ҷомеа» Мусобиқаи кушоди даставӣ байни бонувон оид ба волейбол оғоз гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, мусобиқа ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими дӯстию рафоқат ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона карда шудааст.
Муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия  Икром Умарзода   зикр кард: «Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ баргузор шуда истодааст, ки он як туҳфаи арзанда барои сазовор таҷлил намудани ин рӯйдоди таърихӣ мебошад. Мусобиқаи имрӯза агар аз як тараф ғолибон ва беҳтаринҳоро муайян кунад, аз ҷониби дигар ҳамкорӣ ва муносибатҳои кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идора ва корхонаҳои давлатиро қавитар месозад».
Дар  мусобиқа 10 даста дар ду гурӯҳ «А» ва «Б» аз Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Коллеҷи ба номи М.Атоев, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Академия ва Вазорати корҳои дохилӣ байни ҳам рақобат намуда, барои ба даст овардани ғолибият маҳорати варзишии худро месанҷанд.

Август 4, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд