Мутахассисон то охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ менамоянд
Душанбе, 19.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, аз 20 то 23 август дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то ба 40 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳии ин минтақа эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмудат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 40 дараҷа хоҳад расид.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 16-21, рӯзона 29-34; дар шарқи вилоят шабона 6-11, рӯзона 17-24 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 15-20, рӯзона 34- 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 15-20, рӯзона то 34-39 дараҷа гарм мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






