Намоиши ҳунарҳои халқии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Август 17, 2016 11:52

Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми 16-уми август дар боғи фарҳангӣ-истироҳатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои халқии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба иштирокчиёни намоиш маҳсули дасти чакандӯзону заркорони  шаҳри Кӯлоб, адрасбофони ноҳияи Восеъ, намунаи гулдӯзиҳои халқии ноҳияҳои Муъминободу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қубодиёну Ҷайҳун ва Бохтару Ҷалолиддини Балхӣ писанд омад.
Гурӯҳи ҳакамон бо сарварии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода намунаи маҳсули  дасти ҳунармандони хатлониро баҳогузорӣ намуда, ҷойҳои ифтихории намоишро ба ҳунармандони халқии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Муъминобод арзанда донистанд.
Иштирокчиёни фаъоли намоиш бо ифтихорномаҳои раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Август 17, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе