Намоиши ҳунарҳои халқии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 16-уми август дар боғи фарҳангӣ-истироҳатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои халқии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба иштирокчиёни намоиш маҳсули дасти чакандӯзону заркорони шаҳри Кӯлоб, адрасбофони ноҳияи Восеъ, намунаи гулдӯзиҳои халқии ноҳияҳои Муъминободу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қубодиёну Ҷайҳун ва Бохтару Ҷалолиддини Балхӣ писанд омад.
Гурӯҳи ҳакамон бо сарварии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода намунаи маҳсули дасти ҳунармандони хатлониро баҳогузорӣ намуда, ҷойҳои ифтихории намоишро ба ҳунармандони халқии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Муъминобод арзанда донистанд.
Иштирокчиёни фаъоли намоиш бо ифтихорномаҳои раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






