Намояндаи доимии Тоҷикистон ба Дабири кулли СҲИ эътимоднома супорид

Август 26, 2016 09:49

Душанбе, 26.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ эътимодномаи худро ба Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ ба ҳайси намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон тақдим намуд.
Зимни мулоқот, ки ба муносибати эътимодномасупорӣ баргузор гардид, ду ҷониб доир ба роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанба дар доираи ин созмон суҳбати судманд анҷом доданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба авзои сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, ҳамгироӣ дар самти пешгирӣ аз густариши терроризму ифротгароӣ ва ҳамчунин ташвиқи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва илмию фарҳангӣ зоҳир гардид. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба тавсиаи ҳамкории судбахш таъкид доштанд.
Хотиррасон бояд кард, ки чанде пеш Заробиддин Қосимӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ таъйин гардид.

Август 26, 2016 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад