Ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Беларус ҳамкориро густариш мебахшанд

Август 10, 2016 10:37

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҳошияи Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Валентин Рибаков доир гардид.
Тавре аз ВКХ ҶТ кишвар хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории манфиатбахши дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хоса ба густариши робитаи байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду ҷониб, рушди ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ зоҳир карда шуд.

Август 10, 2016 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад