Нишони тиллои навбатии Усейн Болт дар Рио-2016

Август 22, 2016 10:46

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Варзишгари Ямайка Усейн Болт, давандаи машҳури ҷаҳон ин бор ҳам дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро шигифтангез буд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд. Усейн Болт тавонист дар рақобатҳои дави эстафетаи 4 нафара ба масофаи 100 метр соҳиби унвони чемпиони  олимпӣ гардад.
Варзишгарони Ҷопон дар се марҳила пешсаф буданд, вале вақте чуба ба дасти Болт расид, ӯ чун ҳамеша аз рақибон пеш гузашт.Ҷойи дуюм дар дави эстафетаи 4 дар сад насиби варзишгарони Ҷопон гардид.
Варзишгарони кишвари Канада дар ин риштаи варзиш соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.
Ҳамин тариқ, Усейн Болт чемпиони нуҳкаратаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ гашт ва сеюмин Бозиҳои олимпии тобистона аст, ки медали тилло дар се риштаи дави спринтерӣ дар масофаҳои 100, 200 ва дави эстафетаи чор дар 100 метраро соҳибӣ менамояд.
Гуфта мешавад Усейн Болт, ин нобиғаи дави ҷаҳонӣ ба унвони қаҳрамони шикастнохӯрда Бозиҳои олимпии тобистонаро тарк менамояд, зеро тасмим гирифтааст дар Олимпиадаи Токио-2020 иштирок накунад.

Август 22, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад