Нишони тиллои навбатии Усейн Болт дар Рио-2016
Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари Ямайка Усейн Болт, давандаи машҳури ҷаҳон ин бор ҳам дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро шигифтангез буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Усейн Болт тавонист дар рақобатҳои дави эстафетаи 4 нафара ба масофаи 100 метр соҳиби унвони чемпиони олимпӣ гардад.
Варзишгарони Ҷопон дар се марҳила пешсаф буданд, вале вақте чуба ба дасти Болт расид, ӯ чун ҳамеша аз рақибон пеш гузашт.Ҷойи дуюм дар дави эстафетаи 4 дар сад насиби варзишгарони Ҷопон гардид.
Варзишгарони кишвари Канада дар ин риштаи варзиш соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.
Ҳамин тариқ, Усейн Болт чемпиони нуҳкаратаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ гашт ва сеюмин Бозиҳои олимпии тобистона аст, ки медали тилло дар се риштаи дави спринтерӣ дар масофаҳои 100, 200 ва дави эстафетаи чор дар 100 метраро соҳибӣ менамояд.
Гуфта мешавад Усейн Болт, ин нобиғаи дави ҷаҳонӣ ба унвони қаҳрамони шикастнохӯрда Бозиҳои олимпии тобистонаро тарк менамояд, зеро тасмим гирифтааст дар Олимпиадаи Токио-2020 иштирок накунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






