Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ иқтисоди миллӣ дар ҳоли рушд аст

Август 2, 2016 11:49

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Новобаста аз таъсири омилҳои  берунӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон, тамоюли  мусбии  рушд  дар иқтисодиёти миллӣ   ва афзоши воқеии маҷмӯи маҳсулоти  дохилии ҷумҳурӣ  таъмин карда шуд»,- зикр намуд Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 август зимни нишасти матбуотӣ.
Мавсуф афзуд, ки дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилии  кишвар  21,9 миллиард  сомонӣ  ва афзоиши воқеии он  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 6,6 % баробар гардид.
Зикр шуд, ки  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ дар кишвар беш аз 6 миллиард сомониро ташкил дода, суръати афзоши он  нисбат ба ҳамин давраи  соли сипаригардида   ба 112,1% баробар шуд.
Умед Давлатзод зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар,  таъкид кард, ки дар ин давра роҳбарият ва мутахассисони  Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар фаъолияти худро дар партави сиёсати  иқтисодии Хукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монд. Инчунин фаъолияти Вазорат дар нимсолаи аввали соли равон ба татбиқи  ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, тақвият ва густариши  ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ  бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, таҳлили рушди иқтисодиёти миллӣ, инчунин дарёфти  роҳҳои нави ҷилавгирӣ аз таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар нигаронида шуда буд.

Август 2, 2016 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад