Офати табиӣ дар Исфара наздики 300 хонаи истиқоматиро хароб кард

Август 18, 2016 14:41

Душанбе, 18. 08. 16. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боронҳои шадид 16 август дар қаламрави як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Исфара сели бузург омад.
Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бар асари сел 6 хона комилан ва 10 хонаи истиқоматии дигар қисман хароб шуданд. Дар маҷмӯъ, аз ин сел дар рустоҳои гуногун 272 хонаи истиқоматӣ зарар диданд.
Ҳамчунин сел ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳҳои мошингард ва низоми  коммуникатсионии минтақа хисорати зиёд расонид.
Бо мақсади бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба хонаводаҳои зарардида ситоди фаврӣ созмон дода шуд. Ба ҷойи ҳодиса ҷонишини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва роҳбарони Ситоди КҲФ-и вилоят фавран расиданд.
Барои кумак ба зарардидагон  ва барқарорсозии харобаҳо воҳидҳои низомии КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар  гардиданд.
Сели Исфара қурбонӣ надошт. Харобиҳои он барқарор карда мешаванд.

Август 18, 2016 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад