Ҷоми «Истиклол»: Ғалабаи ФФТ-1 бар дастаи ТВ «Варзиш» бо ҳисоби 10:2!

Август 11, 2016 13:25

Душанбе, 11.08.2016 / АМИТ «Ховар» /.Дастаи аввали Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баъд аз ғалабаи қатъӣ бар дастаи шабакаи телевизионии «Варзиш» (10: 2) ба бозӣ дар Ҷоми чоруми клуби футболи «Истиқлол» оид ба мини-футбол оғоз намуд. Фонди умумии мукофотҳо 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар бозӣ бо дастаи «Варзиш» дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон мушкилоте надошт, ҳарчанд аввалин шуда  Комрон Шодиев номуваффақона тўбро ба дарвозаи худ ворид сохт. Чанд дақиқа баъд, Шодиев иштибоҳи худро ислоҳ карда, аввалин голи Федератсияро дар ин мусобиқа зад. Дар ин мусобиқа президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ «пента-трик» нишон дода, панҷ голро ба дарвозаи журналистони шабакаи варзишӣ равона сохт.
Футбол-2Бояд зикр кард, ки задани панҷ гол аз ҷониби як бозингар дар як бозӣ«пента-трик» номида мешавад. Чун ин ҳолат ниҳоят кам рух медиҳад, бинобар ин калимаро аксарият қариб намешунаванд. Баръакси дигар ҳолатҳо, вақте ки бозингар дар як бозӣ беш аз як гол мезанад. Чунин вариантҳо хуб маълум аст: ду гол- «дугона», се гол- «хет-трик», чор гол «покер» ва панҷ гол «пента-трик».
Мухлисони футбол медонанд, ки моҳи сентябри соли гузашта дар бозии даври 6-уми мусобиқаи Чемпионати Олмон, бозингари 28-солаи лаҳистонии «Бавария» Роберт Левандовски ба майдон баромада, ба дарвозаи «Волфсбург» панҷ гол зад, ки дар таърихи футбол рекорди махсус мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки дар бозии дигари гурӯҳи «D» дастаи «Бонки миллӣ» бар дастаи Донишгоҳи миллӣ  бо ҳисоби 4: 1 ғолиб омад.
Дар гурӯҳи «В» бозигарони суди ноҳияи Сино бар дастаи Донишкадаи молия ва Иқтисодиёт бо ҳисоби 5: 1 ғолиб омад. Бозии дастаҳои «Дилкаш» ва «Дӯстӣ» бо ҳисоби баробар 2: 2 анҷом ёфт ва«Фурудгох» бо ҳисоби 5: 2 ба  Кумитаи варзиш ғолиб омад.

Бозиҳои даври дуюм рӯзҳои истироҳат, 13-14 август доир мешаванд.

Натиҷаҳои тамомии бозиҳо барои Ҷоми КФ «Истиқлол» оид ба мини-футбол.
Даври аввал
Гурӯҳи «А»
«Газпром»  «Динамо»  2:8
«Формула успеха»  «Ориёнбанк»  4:6
Гурӯҳи «С»
«Вавилон»  ФФТ-2  11:2
«Казкомбанк»  «Истиклол»  1:6
Tcell  Кумитаи гумрук  1:4
Гурӯҳи «В»
Донишкадаи молӣ -иқтисодӣ  Суди ноҳияи Сино  1:5
«Дилкаш»  «Дустӣ»  2:2
Кумитаи варзиш  «Фурудгоҳ»  2:5
Гурӯҳи «D»
ТВ «Варзиш»  ФФТ-1  2:10
Донишгоҳи миллӣ  «Бонки миллӣ»  1:4

Даври 2
13 август (шанбе)
Гурӯҳи «А»
1. «Ориёнбанк»  «Газпром»  8:00
2. «Амонатбанк»  «Формула успеха»  8:00
3. «Динамо»  «Инфосис»  8:00
Гурӯҳи «С»
1. ФФТ-2  «Казкомбанк»  9:00
2. Тселл  «Вавилон»  9:00
3. «Истиқлол»  Кумитаи гумрук  9:00

14 август (якшанбе)
Гурӯҳи «В»
1. «Дӯстӣ»  Кумитаи варзиш  8:00
2. Суди ноҳияи Сино  «Дилкаш»  8:00
3. «Зиддикоррупсия  Донишкадаи молӣ -иқтисодӣ  8:00
Гурӯҳи «D»
1. ФФТ-1  Донишгоҳи миллӣ  9:00
2. «Бонки миллӣ»  УУР ВКД  9:00
3. ТВ «Варзиш»  «Фароз»  9:00

Август 11, 2016 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид