Омили рушд наёфтани ду минтақаи озоди иқтисодӣ дар чист?

Август 3, 2016 09:14

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 66 ширкати ватанию хориҷии дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар  ба қайд гирифташуда, алҳол 16 ширкат, 13 ададаш дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» танҳо се ширкат  фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ  ва содиротию воридотиро  ба роҳ мондаанд. Ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизот  машғуланд.
Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  омили асосии рушд наёфтани ду минтақаи озоди иқтисодии кишвар, «Панҷ» ва  «Ишкошим»-ро дар мавқеи ҷуғрофии  онҳо, иқлим ва авзои сиёсии кишвари ҳамҷавор Афғонистон рабт дод.
Мавсуф зикр кард, ки ин ду минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ дар минтақаи баланди кӯҳистон  ва дар марз бо давлати  Афғонистон ҷойгир мебошанд.  Аз ин рӯ, вақте сармоягузор мехоҳад сармояашро дар ин минтақаҳо гузорад, пеш аз ҳама вазъи сиёсӣ ва суботи минтақаро ба инобат мегирад. Новобаста ба ин омилҳо, Умед Давлатзод афзуд, ки умед  аст соли равон дар субъектҳои  бақайдгирифташудаи ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ  фаъолияти истеҳсолию хизматрасонӣ  ва содиротию воридотиро ба роҳ монда шаванд.

Август 3, 2016 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе