Қонуншикании соҳибкорро гумрукчиён ошкор намуданд
Душанбе, 15.08.2016/АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик боз як амали қонуншиканиро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян гардид, ки соҳибкори инфиродӣ С.З. даст ба содир намудани ҷиноят зада, истеҳсол, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва ба муомилот баровардани молу маҳсулоти тамғаношударо ба роҳ мондааст. Шаҳрванд С.З. аз моҳи марти соли равон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо онҳо шиносоӣ надошт, 24 номгӯй маводи ороишию гигиенӣ, аз қабили атриёт, шампун ва ғайраро, ки бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Тоҷикистон намудаанд, харидааст.
Мавсуф маҳсулоти бо роҳи қочоқ вориднамударо, ки маблағи умумияш наздик ба 1 миллиону 90 ҳазор сомониро ташкил медод, бе гирифтани иҷозатномаи мутобиқат аз Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анбори манзили истиқоматиаш бо мақсади дар оянда ба фурӯш баровардан нигоҳ доштааст.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбат ба ин амали соҳибкори инфиродӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






