Қонуншикании соҳибкорро гумрукчиён ошкор намуданд

Август 15, 2016 16:43

Душанбе, 15.08.2016/АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик боз як амали қонуншиканиро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян гардид, ки соҳибкори инфиродӣ С.З. даст ба содир намудани ҷиноят зада, истеҳсол, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва ба муомилот баровардани молу маҳсулоти тамғаношударо ба роҳ мондааст. Шаҳрванд С.З. аз моҳи марти соли равон аз шаҳрвандони  Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо онҳо шиносоӣ надошт, 24 номгӯй маводи ороишию гигиенӣ, аз қабили атриёт, шампун ва ғайраро, ки бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди  Тоҷикистон намудаанд, харидааст.
Мавсуф маҳсулоти бо роҳи қочоқ вориднамударо, ки маблағи умумияш наздик ба 1 миллиону 90 ҳазор сомониро ташкил медод, бе гирифтани иҷозатномаи мутобиқат аз Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анбори манзили истиқоматиаш бо мақсади дар оянда ба фурӯш баровардан нигоҳ доштааст.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбат ба  ин амали соҳибкори инфиродӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Август 15, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид