Ошкор гардидани дуздии чорвои калони шохдор
Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони милитсия чор нафар ҷавонони аз 22 то 29- солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони дуздии чорвои калони шохдор дастгир гардиданд.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон моҳи июли соли 2016 бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи «Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав як сар чорвои калони шохдори марди 79-солаи сокини ноҳияи мазкурро, ки арзишаш 4 ҳазор сомонӣ мебошад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамчунин гумонбаршудагон бо ҳамин роҳ шаби 12 ба 13 августи соли равон аз чарогоҳи деҳаи Шӯрхоки шаҳри Турсунзода 5 сар чорвои калони шохдори марди 29-сола ва 3 сар чорвои калони шохдори марди 30-солаи сокинони шаҳри Турсунзодаро рабудаанд. Арзиши чорвои дуздидашуда 29 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






