Озмун оилаи беҳтарини Хатлонро муайян намуд
Қурғонтеппа, 23.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон марҳилаи сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ аз тарафи комиссияи вилоятии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, оилаи Сафаралӣ Ҳалимов, сокини кӯчаи Б. Иброҳимов аз ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар ғолиби ҷойи беҳтарини мусобиқа, оилаи сокини деҳаи Балҷувон, ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон Гулмаҳмад Сангов сазовори ҷойи якум, оилаи Маҳмадшариф Шарипов, сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон сазовори ҷойи дуюм ва оилаи Муҳриддин Мирзоев, сокини ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ сазовори ҷойи сеюм дар мусобиқаи вилоятӣ ба муносибати ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






