Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид
Душанбе, 27.08.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе дар маросими ботантана озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, ба дипломантҳо ва ғолибони он ҷоиза супорида шуд.
Озмуни мазкур бо ибтикори Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, рақобатпазирии маҳсулот ва муаррифии хизматрасонии беҳтарин дар ду давра гузаронида шуд.
Дар даври аввали озмун, ки дар шаҳру вилоятҳо баргузор гардид, 160 корхонаю ширкатҳо ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ маҳсулоти беҳтарини худро пешкаш намуда, ҷойҳои намоёнро дар якчанд номгӯй соҳиб гардиданд. Ба даври ниҳоии озмун маҳсулоти 128 корхонаю ширкатҳои кишвар ҷойҳои сазоворро касб намуда, дипломант ва ғолибони озмун эътироф шуданд. Озмун аз рӯи номгӯи маҳсулоти озуқаворӣ, саноатӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ, таъиноти истеҳсолию техникӣ ва хизматрасонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва меҳмонхонаҳо гузаронида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Агентии стандартизатсияи, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти марказии идоракунии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор дода, дар рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолии кишвар, дар таъмини истифода ва риояи қоидаҳои савдо ва системаи ченаки ягона дар кишвар нақши муассир мегузорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






