Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти номи «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор мегардад

Август 24, 2016 08:30

Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 сентябр то 24 ноябр дар ҷумҳурӣ  аз ҷониби Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти номи  «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор мегардад.
Мақсади  асосии озмун ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин баланд бардоштани руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва зебоиписандӣ аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон»   дар ду давр ба нақша гирифта шуда, даври аввал дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор мегардад. Ғолибони даври аввал дар даври ҷамъбастӣ 24 ноябр- рӯзи ҷашни Парчами давлатӣ, ки  дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Тибқи шартҳои озмун иштирокчӣ  бояд узви ягон китобхона бошад ва рӯйхати китобҳои хондаашро, ки на кам аз чор китоб аз осори классикони адабиёти тоҷику форс аст, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намояд.
Инчунин дар озмун беш аз чор китобро оид ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон мутолиа намояд ва ба саволҳои ҳакамон дар бораи муқаддасоти миллӣ  ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистон ҷавоб гуфта тавонад.
Ғолибони озмун дар номгӯи «Хонандаи беҳтарин», «Оилаи китобдӯст» ва «Китобхонаи беҳтарин» бо туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ мешаванд.

Август 24, 2016 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад