Паҳлавони Арманистон Артур Алексанян дар вазни 98 кило чемпиони олимпӣ гардид
Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Арманистон дар мусобиқаҳои гӯштини юнону румӣ дуюмин медали худро ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Бояд зикр кард, ки мусобиқаи гӯштини юнониву румӣ дар вазни 98 килограмм байни мардон дар олимпиадаи тобистонаи Рио-де-Жанейро 2016 ба анҷом расид. Дар рақобати финалӣ варзишгари Арманистон Артур Алексанян бо варзишгари кишвари Куба Ясмин Луго Кабрера қувваозмоӣ намуд. Ин рақобат бо ҳисоби 3:0, ба фоидаи Алексанян тамом шуд.
Ҳамин тариқ, варзишгари Арманистон соҳиби медали тилло ва варзишгари Куба соҳиби медали нуқраи олимпӣ дар вазни 98 килограмм гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки нишони биринҷии гӯштини юнониву румӣ дар ин вазн насиби Ҷенк Илдем аз Туркия ва Қосим Ризоӣ аз Эрон шуд.
Бояд зикр намоем, ки ин сеюмин медали бадастовардаи варзишгарони кишвари Арманистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро мебошад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






