Паҳлавони Арманистон Артур Алексанян дар вазни 98 кило чемпиони олимпӣ гардид

Август 19, 2016 16:49

Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Арманистон дар мусобиқаҳои гӯштини юнону румӣ дуюмин медали худро ба даст оварданд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд. Бояд зикр кард, ки  мусобиқаи гӯштини юнониву румӣ дар вазни 98 килограмм байни мардон дар олимпиадаи тобистонаи Рио-де-Жанейро 2016 ба анҷом расид. Дар рақобати финалӣ варзишгари Арманистон Артур Алексанян бо варзишгари кишвари Куба Ясмин Луго Кабрера қувваозмоӣ намуд. Ин рақобат бо ҳисоби 3:0, ба фоидаи Алексанян тамом шуд.
Ҳамин тариқ, варзишгари Арманистон соҳиби медали тилло ва варзишгари Куба соҳиби медали нуқраи олимпӣ дар вазни 98 килограмм гардиданд.
Ёдовар   мешавем, ки нишони биринҷии гӯштини юнониву румӣ дар ин вазн насиби Ҷенк Илдем аз Туркия ва Қосим Ризоӣ аз Эрон шуд.
Бояд зикр намоем, ки ин сеюмин медали бадастовардаи варзишгарони кишвари Арманистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро мебошад.

Август 19, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад