Панҷакент: Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ба маблағи 381 240 сомонӣ шартнома ба имзо расонид
Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Панҷакент дар мавсими обёрии соли 2016 бо истифодабарони оби полезии ҷамоати деҳоти Саразм ба маблағи умумии 381 ҳазору 240 сомонӣ шартнома ба имзо расонид.
Дар ин бора аз Идораи давлатии хоҷагии оби шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Саразм зиёда аз 2098,11 га замин мавҷуд буда, тавассути пойгоҳи обкашии Ленинград-1, 2, Нилуфар — 3 ва канали Тухсан- Корез обёрӣ карда мешаванд.
Соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба пойгоҳи обкашии Ленинград 1 ва 2 ду адад насос васл карда шуд, ки омодаи кор мебошанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






