Пан Ги Мун ҳамлаи террористӣ дар Туркияро маҳкум намуд

Август 22, 2016 10:57

Душанбе, 22.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, имрӯз тавассути намояндаи худ таркиш дар шаҳри Газиантепи Туркияро шадидан маҳкум намуда, ба таҳкими мубориза бар зидди терроризм даъват намуд. Ҳамчунин ӯ ҳамдардии худро ба оилаҳои мотамзада, ҳукумат ва мардуми Туркия изҳор карда, орзу намудааст, ки осебдидагон зудтар шифо ёбанд.
Пан Ги Мун изҳори умедворӣ намуд, ки созмондиҳандагони таркиш ба зудӣ ҷазо дода мешаванд. Ӯ таъкид кард, ки бояд саъю талошҳо барои пешгирии терроризм ва экстремизм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ пурзӯр гардонида шаванд.

Август 22, 2016 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад