Парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул кард
Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 август вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро баррасӣ ва қабул карданд.
«Қонуни авф нисбат ба зиёда аз 12 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла, беш аз се ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, зиёда аз чор ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда озод мегарданд»,-гуфт зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон. Ҳамзамон зикр шуд, ки инчунин нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбат ба зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.
Тибқи моддаи 1 лоиҳаи қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин: занон, ноболиғон, мардони аз синни 55 боло, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони мубталои бемориҳои омоси бадсифат, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сил, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда, инчунин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.
Ҳамзамон шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо аз адои ҷазо озод мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа ба шахсоне, ки бори аввал ҷиноят содир намудаанд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷониби Парлумони кишвар дар асоси пешниҳоди Пешвои миллат шаҳодати иқдомҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳкумшудагон мебошад.








Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ҷаласа доир шуд






