Парвандаи имоме, ки аз терроризм ошкоро пуштибонӣ мекунад, баррасӣ мегардад

Август 5, 2016 17:12

Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар» /. Суди ҳарбии Қафқози Шимолӣ парвандаи имоми масҷиди Доғистон Магомеднабӣ Магомедовро, ки дар пуштибонии ошкорои терроризм гумонбар дониста мешавад, баррасӣ менамояд.
Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба гузориши намояндаи хадамоти матбуотии суд Алёна Каткало иттилоъ медиҳад.
Бино ба тафтишоти пешакӣ, моҳи феврали соли 2016 дар Хасавюртаи Ҷумҳурии Доғистон Магомедов, имоми масҷиди «Шарқӣ» дар ҷамъи гурӯҳи одамон бо баромадҳои пуштибонӣ аз терроризм, ҳамчунин даъватҳои таҳқиромез дар муносибат бо мазҳабҳои дигар ошкоро баромад кардааст. Илова бар ин, имом нисбат ба намояндагони ҳукумат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нафрати худро баён намудааст. Ба гуфтаи Каткало парвандаи ҷиноӣ аз тарафи суд ба таври умумӣ баррасӣ мешавад ва айбдоршавандаро то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Август 5, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад