Пешвои миллат: Дар вилояти Хатлон қариб 500 километр роҳ, 6,7 километр нақб ва 37 пул бунёд ва таҷдид гардидаанд
Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар даврони истиқлолият дар самти таҷдид ва сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингард, инчунин роҳҳои оҳан ва ҳавоӣ корҳои назаррас амалӣ шуданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафи стратегии кишвар, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуданд»,- гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони вилояти Хатлон.
Ба таъкиди Пешвои миллат, дар вилояти Хатлон қариб 500 километр роҳ, 6,7 километр нақб ва 37 пул ба маблағи умумии 3,9 миллиард сомонӣ (498 миллион доллари амрикоӣ) бунёд ва таҷдид гардидаанд. Ҳоло дар вилоят 4 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 1,8 миллиард сомонӣ (233 миллион доллар) идома дорад, ки яке аз онҳо — сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе- Хатлон дирӯз ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла, Президенти кишвар афзуд, ки бо шарофати роҳи оҳани мазкур аввалин маротиба дар таърихи истиқлолияти давлатии мо байни пойтахти Ватанамон- шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, бахусус шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб робитаи мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳан пайдо гардид, ки он ба афзоиши мусофирбарӣ, ҳамлу нақли борҳо ва тиҷорати дохиливу хориҷӣ бо шароити арзон ва дастрас мусоидат хоҳад кард.
Дар давоми солҳои оянда дар вилоят аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии тақрибан 3 миллиард сомонӣ татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе-Қурғонтеппа, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Қурғонтеппа-Данғара ва Гулистон-Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






