Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Фарзандони мо бояд ҳамчун шахси барои ҷомеа зарурӣ ва соҳиби касбу ҳунари замонавӣ ба воя расанд»
Душанбе, 26.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зикр намуд, ки: «Муҳити тарбиявии мактаб бояд тарзе ташаккул дода шавад, ки барои аз худ кардани сифатҳои неки инсонӣ, аз ҷумла тозагии гуфтор, дурустии рафтор, муомилаи хуш, тарзи либоспӯшӣ ва дигар сифатҳои ҳамидаи инсонӣ мусоидат карда тавонад. Дар баробари ин, ҳар як фарди ҷомеа ва дар навбати аввал, падару модарон бояд хуб дарк намоянд, ки асоси ободии ҷомеа ва омили муҳимтарини бунёди давлати пешрафта тарбияи инсони солим ва бофарҳангу эҷодкор аст. Тарбия ва ба камол расонидани чунин инсон берун аз оилаи солим муяссар нахоҳад шуд».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хамчунин таъкид намуд, ки:
«Мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маҳз бо ҳамин сабаб қабул кардем, то ин ки волидайн вазифаи инсонӣ ва рисолати қонунии худро дар назди фарзандон дар самти таълиму тарбияи онҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро намоянд».
«Барои боз кардани асрори илм ва ошноӣ бо навгониҳои илму технологияҳои муосир фарзандони мо бояд беш аз ҳарвақта мутолиа кунанд, забони давлатиро хуб донанд ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд, ки дар оянда ҳамчун шахси барои ҷомеа зарурӣ ва соҳиби касбу ҳунари замонавӣ ба воя расанд», — дастур дод Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шогирдон ва омӯзгорони мактаби навбунёд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






