Пешвои миллат: «Имрӯз дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла понздаҳ ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд»
Душанбе, 30.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар низоми умумии муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия бахши гуманитарӣ, аз ҷумла самтҳои маориф ва илм, ҷойгоҳи махсус доранд»,- зикр намуд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
Инчунин Пешвои миллат зикр намуданд, ки ҳамкории ҷонибҳо дар ин самт ҳамчун омили асосии ҳифзи фазои умумии таҳсилотӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи анъанаҳои таърихии робитаи миёни давлатҳо ва мардумони мо арзёбӣ мегардад. Ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсил ба Русия фиристода мешаванд. Имрӯз дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла понздаҳ ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд. Онҳо таҳсилоти олии асосӣ гирифта, дар якҷоягӣ бо хатмкунандагони донишгоҳҳои русизабони Тоҷикистон сафи таҷассумгарони арзишҳои олии маънавӣ ва ақлонии ҷаҳони русро дар кишвари мо зиёд мекунанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






