Пешвои миллат: «То соли 2019 беш аз 1700 гектар бояд обёрӣ карда шавад»
Душанбе, 31.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Маҷмаи истеҳсолии имрӯз ифтитоҳшуда иқтидори пурра ба коркард фаро гирифтани пахтаи дар ҳудуди вилоят истеҳсолшударо доро буда, дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳи якуми ресандагӣ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда дар як моҳ 900 тонна ва дар як сол 10 ҳазору 800 тоннаро ташкил дода, дар маҷмӯъ, дар як сол ба 15 ҳазор тонна ашёи хом эҳтиёҷ дорад»,- зикр кард имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил» дар ноҳияи Данғара .
Ҳамчунин Пешвои миллат иброз намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмааи имрӯза беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад.
Тавре ки аз иқтидору имкониятҳои истеҳсолии коргоҳи мазкур бармеояд, он яке аз корхонаҳои азими коркарди пахтаи мамлакат ба ҳисоб рафта, баъди пурра ба кор даромадан барои таъмини он ашёи хом зарур аст. Дар ин самт, бо мақсади азхудкунии заминҳои нав, таъмини корхонаҳои ватанӣ бо ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсоливу иқтисодӣ дар доираи амалисозии марҳалаҳои якуму дуюми лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» беш аз 575 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, зиёда аз 4200 гектар заминҳои нав обёрӣ карда шудаанд.
«Илова бар ин, тибқи лоиҳа то соли 2019 беш аз 1700 гектар бояд обёрӣ карда шавад, ки дар маҷмӯъ, қариб 6000 гектар заминҳои нав обёришуда мавриди истифода қарор гирифта, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом мусоидат мекунанд»,-таъкид намуд Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






