Пирӯзии волейболбозони дастаи «Динамо» дар мусобиқаи байни бонувон

Август 8, 2016 11:17

Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш-солимии ҷомеа» даври нимниҳоӣ ва ниҳоии мусобиқаи кушоди даставӣ байни бонувон оид ба волейбол баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дастаҳои волейболбозони Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани ҷойи сеюм ба майдон баромада, варзишгарони Вазорати мудофиа бо гирифтани холҳои бештар пешсаф шуда, бо ҳисоби 2:0 барандаи даври нимниҳоӣ ва соҳиби мақоми сеюми мусобиқа гаштанд.
Дар даври ниҳоӣ барои ба даст овардани ҷойи аввал дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ рақобат намуда, волейболбозони дастаи «Динамо»-и ВКД бо ҳисоби 2:0 дастболо гардиданд.
Ғолиби мусобиқаи кушоди даставӣ дастаи бонувони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ эълон шуда, ҷойи дуюмро дастаи Вазорати маориф ва илм ва ҷойи сеюмро дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, ифтихорномаи фахрӣ, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Мавриди қайд аст, ки дар ин мусобиқаи кушоди даставӣ 10 даста аз мақомоту идораҳои давлатии кишвар дар ду гурӯҳ «А» ва «Б» бо ҳам рақобат намуданд.

Август 8, 2016 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд