Президенти Тоҷикистон: Барои барқарорсозии иншооти гуногуни вилояти Хатлон 890 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст

Август 25, 2016 11:12

Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар давоми 25 соли истиқлолияти давлатӣ мардуми бонангу номуси мо, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо бо азму иродаи қавӣ заҳмат кашида, зери парчами давлати соҳибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарон ва сокинони вилояти Хатлон иброз дошт.
Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят бо суръати миёнасолонаи 6,5 фоиз афзоиш ёфта, то ба 12,5 миллиард сомонӣ дар соли 2015 расонида шуд, ки ба 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.
Дар 25 соли истиқлолият аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Аз ҷумла, танҳо барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳимми вилоят 14 миллиард сомонӣ маблағ равона шуда, хонаҳои истиқоматӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои 124 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои 6700 қабул дар як баст ва шифохонаҳо барои 2000 кат ба истифода супорида шуданд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2016 барои бунёд ва барқарорсозии иншооти гуногуни вилоят 890 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 332 миллион сомонӣ ё 58 фоиз зиёд мебошад.

Август 25, 2016 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст