Президенти Тоҷикистон: «Дар минтақа ҳанӯз майдони фарохи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об ва энергетика бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа вуҷуд дорад»
Душанбе, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Бо имзои чанде аз созишномаҳои муҳим кишварҳои минтақа тавонистанд фаъолияти барои ҳамаи ҷонибҳо мақбули маҷмӯи соҳаи обтаъминкуниро дар шароити мураккаби гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ таъмин намоянд», — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт”.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки дар минтақа ҳанӯз майдони фарохи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об ва энергетика бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа вуҷуд дорад. Пурра ба кор андохтани ин иқтидорҳо метавонад омили муассири ба хатсайри рушди устувор баровардани кишварҳои шомили минтақа шавад.
«Бо ҷонибдорӣ аз истифодаи одилона ва оқилонаи онҳо мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи муассири расидан ба ин ҳадафи нек медонем. Зимнан, Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода бо ҳамаи кишварҳои дуру наздики манфиатдор ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда, густариш диҳад», — тазаккур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






