Прокуратураи генералӣ зиёда аз 1000 гектар майдони ғайриқонунӣ ғасбшударо ошкор кард
Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Назорати риояи қатъии қонунгузорӣ вобаста ба самаранок ва оқилона истифода бурдани замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура буда, доимо дар ин самт санҷишҳо гузаронида мешаванд»,- гуфт Юсуф Раҳмон прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ.
Ба иттилои Юсуф Раҳмон, дар моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 1000 га майдони ғайриқонунӣ ғасбшуда ошкор карда шуд. Хариду фурӯши ғайриқонунии замин аз ҷониби шахсони гунаҳгор ба маблағи зиёда аз 900 ҳазор доллар муайян гардида, 5 нафар ба ҳабс гирифта шуд.
Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои дигар санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, қонуншиканиҳо ошкор ва чораҳои қатъии прокурорӣ андешида шуданд. Дар шашмоҳаи аввали соли равон вобаста ба риояи қонунгузории замин 1309 санади эътиноӣ бароварда шуда, 2172 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуд. 556 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 7269 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






