Рӯзноманигороне, ки меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд

Август 1, 2016 14:31

 Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Интизор меравад, ки дар оянда намояндагони васоити ахбори омма, ки дар таҳияи  мақолаву маводҳояшон меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима  мешаванд»,-мегӯяд  Гавҳар Шарофзода, раиси  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф зикр кард, ки дар баъзе мавридҳо рӯзноманигорон  дар таҳияи мақолаву барномаҳо вожаҳои ноошноро истифода менамоянд, ки барои хонанда ва шунаванда фаҳмо нест.
Дар ин росто, Гавҳар Шарофзода  таъкид кард, ки дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти кишвар вохӯрии мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва кормандони  шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  фасоҳати забони давлатӣ, риояи талаботи  қоидаҳои имлои  забони  тоҷикӣ ва корбурди дурусти истилоҳоти соҳавӣ   баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон дар ин вохӯриҳо  камбудиҳои  рӯзноманигорон, ровиён ва барандагони барномаҳои телевизионию радиоӣ оид ба гуфтори ғалат,  риоя нагардидани савтиёти  овоии тоҷикӣ,  истифодаи калимаҳои ғалат дар  забони радиову телевизион, инчунин навиштаҷоти   ғайримеъёрӣ  дар матни эълону рекламаҳо  ва сатрҳои равони телевизионӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Гавҳар Шарофзода таъкид кард, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар оянда бо кормандони дигар  васоити ахбори омма, аз ҷумла АМИТ «Ховар» дар назар аст.

Август 1, 2016 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст