Раддияи маркази матбуоти ҚС КДАМ ҶТ

Август 23, 2016 20:55

Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, соати 02.00-и 21-уми августи соли ҷорӣ, зимни амалиёти муштараки марзбонони тоҷик ва Шӯъбаи КДАМ ҶТ дар минтақаи сарҳадии «Сайёд»-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи 9-нафараи қочоқчиёни афғон, ки кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, пешгирӣ гардид.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ҷасади ду қочоқчии афғон ёфт гардида, 1 адад силоҳи оташфишони АКМ-7,62, 6 адад тирдон бо 180 дона тири қутраш 7,62,  1 дона норинҷаки  РГД-5 мусодира карда шуд. Ҷасадҳо расман ба намояндагии мақомоти сарҳадии ҶИА баргардонида шуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо изҳори таассуф таъкид медорад, ки  хабари мазкурро баъзе расонаҳо, аз ҷумла “Азия-Плюс”, “Озодагон”, “Авеста”, “Тоҷикистон”, “Спутник” ва ғайра, ба таври ғалат шарҳ дода, кочоқчиёни безараргардонидашударо ба ҷангиёни гурӯҳи «Толибон» нисбат додаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо тамоми масъулият изҳор медорад, ки амалиёти мазкур танҳо як ҳодисаи пешгирии кирдори ҷинояткоронаи қочоқчиён буд.

Дар робита бо ин, аз кулли расонаҳо бо ҷиддият тақозо мегардад, ки минбаъда зимни истифодабарӣ аз хабарҳои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба сӯистифода ва таҳрифи маълумоти расмӣ роҳ надиҳанд.

 

Август 23, 2016 20:55

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад