Ғ.Расулов: Ин роҳи оҳан минтақаҳо, ноҳияҳо ва комплексҳои саноатиро бо ҳам пайваст менамояд

Август 24, 2016 10:05

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар фазои орому осоиштаи кишвар   роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Ғафурҷон Расулов, сардори раёсати татқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки қисмати роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон яке аз қисмҳои муҳими роҳи оҳани  Душанбе-Қурғонтеппа- Кӯлоб мебошад.
«Он,  пеш аз ҳама, ба иқтисодёти Тоҷикистон  аҳамияти калон дорад. Ҳанӯз соли 2009 корҳои хадамотӣ барои  иҷрои ҳамин  нақша оғоз ёфта,  баъдан қарори Ҳукумат баромада,  сармоягузорони хориҷӣ ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони ин роҳ ҷалб шуда буданд. Ин  роҳ объекти хеле муҳим буда, аз иншооти зиёд, аз қабили нақбҳою кӯпрукҳо  иборат буда,  бо стандарти байналхалқӣ бунёд шудааст. Ин роҳ имкон медиҳад минтақаҳо, ноҳияҳо ва  комплексҳои саноатӣ бо ҳам  пайваст шаванд», -илова намуд Ғ. Расулов.
Хурсандиовар аст, ки имрӯз ин роҳи барои халқи тоҷик муҳим дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истифода дода шуд.
«Ин роҳ имкон медиҳад, ки  молҳо аз маркази ҷумҳурӣ ба қисмати ҷануб- Қурғонтеппаю Кӯлоб интиқол дода шаванд. Феълан мо дар қисмати ҷанубии кишвар як роҳе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё кишварҳои хориҷиро ба ҳам пайванд кунанд,  надоштем ва бунёди ин роҳ имкон медиҳад, ки дар дохили  мамлакат қисматҳои ҷудогонаи кишвар ба ҳам пайваст шаванд.
Аз тариқи ин роҳ  комплексҳои саноатӣ пайваст мешаванд,  масалан комплески саноатии Панҷи Поёни ноҳияи Панҷ, ки  он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд асту корхонаҳои хеле зиёд дар ин минтақа  бунёд мешаванд.  Молҳои  зиёд аз тариқи  кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба  ҷумҳурӣ ворид мегарданд. Ба воситаи қатораҳо расонидани молҳо аз Афғонистон,  Эрон, Покистон  ба дигар қисматҳои мамлакат арзонтар мешавад»,- зикр намуд мусоҳиб.
Бино ба гуфтаи коршиноси масоили иқтисодӣ,  дар Қурғонтеппа  корхонаҳои зиёд фаъоланд,  аз ҷумла корхонаҳои пахтатозакунӣ,  истеҳсоли трансформатору азот,  дар Ёвон корхонаи сементбарорӣ, ки беш аз 1 миллион семент итеҳсол мекунад ва аз тариқи ин роҳ ба дигар қисматҳои мамлакат расонида мешаванд.
«Дигар комплекси саноатӣ- ин Данғара мебошад, ки дар он корхонаҳои истеҳсолии зиёд фаъолият мекунанд ва солҳои наздик боз бунёд мешаванд. Дар Ҳисору Турсунзода корхонаҳои зиёд мавҷуданд, ки   ин роҳ барои кашонидани мол мусоидат мекунад.   Инчунин бояд гуфт, ки қад — қади ин роҳ конҳои зиёд мавҷуданд ва кашондани масолеҳ аз тариқи ин роҳ  осон хоҳад шуд»,-илова намуд Ғ.Расулов.
Тӯли ин роҳ беш аз 40 км буда, барои бунёди он  маблағи зиёд сарф шудааст.  Ин роҳ дар оянда барои кашонидани маҳсулот, таҷҳизот ва мусофирон мусоидат мекунад.
«Аҳамияти ин роҳ дар он аст, ки  пас аз сохтмони роҳи оҳани  Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон,  ки  ҳанӯз соли 2013 байни президентони ин се мамлакат созишнома имзо шуда буд, аз тариқи ин роҳ пайваст хоҳад шуд. Дар айни замон  қисмати Туркманистон бунёд гашта, дар Тоҷикистон  ва Афғонистон  корҳо идома доранд.  Пас  аз бунёди ин роҳ молҳо аз Тоҷикистон ба хориҷа содир ва аз хориҷи кишвар ба мамлакати мо ворид хоҳанд шуд», — мегӯяд мусоҳиб.
Хотиррасон мекунем, ки ин роҳи оҳан пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанберо бо вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.
Сарвари давлат ҳангоми вохӯрӣ бо сокинон ва сохтмончиёни роҳи мазкур иброз дошт, ки сохтмони роҳи оҳан дар шароити кӯҳистон хеле мушкил аст. Азбаски тасмими Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди ин роҳ қатъӣ буд, аз ин хотир ҳамаи душвориҳо паси сар шуданд. Ин роҳ идомаи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ-раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Август 24, 2016 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон