Рио-2016: ИМА бо 15 медали тилло, 12 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ дар ҷои аввал қарор дорад
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар садри феҳристи ҷоизадорҳои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия мунтахаби ИМА бо 15 медали тилло, 12 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Чин бо 11 медали тилло, 8 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ дар ҷои дуюм ва Ҷопон бо 7 медали тилло, 2 нуқра ва 13 биринҷӣ дар ҷои сеюм мебошанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Австралия (5-4-6), Кореяи Ҷанубӣ (5-2-4), Венгрия (5-1-1), Русия (4-8-7), Британияи Кабир (4-6-6), Олмон (4-3-1) ва Италия (3-6-3) дохил гардидаанд. Дар маҷмӯъ то имрӯз варзишгарони 57 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд.
Варзишгарони 35 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд. Аз миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ҳашт кишвар — Қазоқистон (2 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ, ҷои 12-ум), Украина (2 медали нуқра ва як биринҷӣ, ҷои 38-ум), Озарбойҷон (2 медали нуқра, ҷои 39-ум), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, ҷои 43-юм), Литва (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, ҷои 43-юм), Ӯзбекистон (2 медали биринҷӣ, ҷои 49-ум), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ, ҷои 51-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ, ҷои 51-ум) ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома меёбанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






