Рио-2016: ИМА бо 15 медали тилло, 12 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ дар ҷои аввал қарор дорад

Август 12, 2016 12:16

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар садри феҳристи ҷоизадорҳои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия  мунтахаби ИМА бо 15 медали тилло, 12 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Чин бо 11 медали тилло, 8 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ дар ҷои дуюм ва Ҷопон бо 7 медали тилло, 2 нуқра ва 13 биринҷӣ дар ҷои сеюм мебошанд.
Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Австралия (5-4-6), Кореяи Ҷанубӣ (5-2-4), Венгрия (5-1-1), Русия (4-8-7), Британияи Кабир (4-6-6), Олмон (4-3-1) ва Италия (3-6-3) дохил гардидаанд. Дар маҷмӯъ то имрӯз варзишгарони 57 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд.
Варзишгарони 35 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд. Аз миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ҳашт кишвар — Қазоқистон (2 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ,  ҷои 12-ум), Украина (2 медали нуқра ва як биринҷӣ,  ҷои 38-ум), Озарбойҷон (2  медали нуқра,  ҷои 39-ум), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ,  ҷои 43-юм), Литва (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ,  ҷои 43-юм), Ӯзбекистон (2 медали биринҷӣ,  ҷои 49-ум), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ,  ҷои 51-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ,  ҷои 51-ум) ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.
Ёдовар  мешавем, ки  Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома меёбанд.

Август 12, 2016 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад