Рио- 2016: Усейн Болт чемпиони ҳафткаратаи олимпӣ гардид!
Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари ямайкагӣ Усэйн Болт чемпиони ҳафткаратаи олимпӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Ӯ рӯзи 14 август дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 9,81 сония медали тилло ба даст овард.Ҷойи дуюмро варзишгари амрикоӣ Ҷастин Гатлин (9,89) ва ҷойи сеюмро варзишгари канадагӣ Андре де Грассе (9,91) гирифтанд. Баъд аз натиҷагирии рӯзи нӯҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар ҳисоби умумидаставӣ мисли пешин дар садри феҳристи кишварҳои ҷоизадори олимпӣ дастаи мунтахаби ИМА бо 69 медал (26 медали тилло, 21 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ) қарор дорад. Британияи Кабир бо 37 медал (15 медали тилло, 15 нуқра ва 7 биринҷӣ) ба ҷои дуюм баромад. Вале Чин бо 45 медал (15 медали тилло, 13 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ) ба ҷои сеюм фаромад. Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин Русия (9-11-10), Олмон (8-5-4), Фаронса (7-8-7), Италия (7-8-6), Ҷопон (7-4-15), Австралия (6-8-9) ва Кореяи Ҷанубӣ (6-3-5) дохиланд.
Умуман то ҳоло варзишгарони 69 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 48 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд. Аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз нӯҳ кишвар — Қазоқистон (2 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ, ҷойи 16-ум), Беларус (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали бириҷӣ, ҷои 29-ум), Узбекистон (1 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ ҷойи 39-ум), Украина (3 медали нуқра ва як биринҷӣ, ҷойи 49-ум), Озарбойҷон (2 медали нуқра, ҷойи 50-ум), Литва (1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ, ҷойи 52-юм), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, ҷойи 53-юм), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ, ҷойи 65-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ, ҷойи 65-ум) ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.
Вале аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони панҷ кишвар — Арманистон, Латвия, Молдова, Тоҷикистон ва Туркманистон — медал ба даст наовардаанд. Дастаи мунтахаби Узбекистон дар рӯзи нӯҳуми бозиҳо соҳиби аввалин медали тилло гардид. Муштзан Ҳасанбой Дӯсматов дар сабқати бокс дар вазни то 49 кило ба унвони қаҳрамони олимпӣ мушарраф гашт.
Дар мусобиқоти вазнбардорӣ варзишгарони эронӣ Рустами Киёнуш (то 85 кг) ва Сӯҳроб Муродӣ (то 94 кг) барандагони медалҳои тиллои Олимпиадаи Рио шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






